Нимаи аввали имрӯз дар майдони «800-солагии Маскав»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байнулмилалии оила консерт барпо мешавад.
Табъи сокинону меҳмонони пойтахтро гурӯҳҳои ҳунарии «Шамс» ва «Парем», овозхонон Юлия Багданавичуте ва Аброр Назаров болида мегардонанд. Дар доираи консерт ҳамчунин баргузории озмунҳои гуногун дар назар аст.
Чорабинӣ бо дастгирии Лоиҳа оид ба пешгирии хушунат дар оила, ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ шудаву онро Филиали ГОПА дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, гузаронида мешавад.
Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон 8 ҳазору 194 ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо бба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 586 ҳодиса бештар мебошад. Дар ҳамин ҳол, соли 2013 дар Тоҷикистон 7444 далели никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 352 далел камтар аст.
Дар Кумитаи кор бо занон в аоилаи назди ҳукумати ҶТ мутамаинанд, ки тамоили ҷудошавии оилаҳо бештар миёни оилаҳои ҷавон ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои асосӣ сатҳи нокофии маърифатнокии занон ва муҳоҷирати кории мардон унвон мешаванд.
Рӯзи байнулмилии оилаҳо (International Day of Families) ҳамсаола санаи 15-уми май ҷашн гирифта шуда, соли 1993 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ таъсис дода шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста