Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар дар бораи хатари селфароӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, аз 18 то 21-уми май дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд ва баъзан боришот шадид мегардад. Раъду барқ ва боридани жола ҳам аз эҳтимол дур нест. Дар дарёҳо аз болоравии сатҳи об интизорӣ меравад.

Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13-уми апрел соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд. Дар ин офтаи табиӣ 14 нафар ҷони худро аз даст доданд.