Аз оғози сол дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 23 корхона бо 300 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров хабар дод.
«Тамоми кӯшишҳои ифтитоҳи корхонаҳои хурди нав дар доираи барномаи 2 солаи сохтмони соҳибкорон оид ба рушди минбаъдаи шаҳри Кӯлоб сурат мегиранд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки давоми солҳои 2014-2015 соҳибкорон ният доранд, ки барои рушди шаҳр дар ҳаҷми 117 млн. 337 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кунанд.
Н.Бозоров таъкид дошт, ки дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб барои сохтмони 147 иншооти гуногун аллакай қитъаи замин ҷудо шудааст. «Агар дар деҳаҳо бештар ба сохтмони иншооти варзишиву солимӣ, хизматгузорӣ ва корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, дар шаҳр меҳмонхонаҳо, марказҳои фитнесу солимӣ, чойхонаҳо ва корхонаҳои истеҳсолии гуногун қомат меафрозанд», - иброз дошт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки соли 2013 дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб соҳибкорон бо маблағгузорӣ дар ҳаҷми 107 млн. сомонӣ 61 иншоотро ба истифода доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста