Чанде қабл дар ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдории пойтахт таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷараёни иҷрои қарори раиси пойтахт «Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» баррасӣ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матюбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи ҳозиринро ба пурсамар баргузор намудани вохӯриҳои муовинонаш ва раисони ноҳияҳо бо сокинони ҳамаи шаҳраку маҳаллаҳо ҷалб намуд, ки то 31-уми август идома меёбанд.
Ҳамчунин раиси пойтахт ба ҳозирин прокурори нави шаҳр Мирзошариф Шарифзодаро муаррифӣ кард.
Раиси пойтахт таъкид доштааст, ки минбаъд тамоми чорабиниҳо дар чаҳорчӯби назардошти сарфакорӣ баргузор карда мешаванд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ба комиссияи шаҳрӣ оид ба ташкили маъракаи Ҳаҷ-2014 супориш додааст, ки зимни интихоби номзадҳо, бахусус касоне, ки бори нахуст ба ҳаҷ мераванд, ба фаъолияти ҷамъиятии онҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати назорати ҳифзи муҳити зист, сифати оби нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, иҷрои буҷети шаҳр, ҷамъоварии андоз ва омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон дастуру супоришҳо дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста