Дар Тоҷикистон бори нахуст Энсиклопедия (Донишнома) барои кӯдакон бо забони тоҷикӣ нашр шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» муовини сармуҳаррири Энскилопедияи миллии Тоҷикистон Баҳодур Раҳматзод хабар дод, ин китоб ҳанӯз ахири соли гузашта бо теъдоди 800 нусха ба чоп расида, арзишаш 230 сомонӣ аст. «Бори нахуст тӯли фаъолиятам шоҳиди он шудам, ки тамоми нусхаҳои китоб хеле зуд ба фурӯш рафт», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли ӯ, китоб рангаву ҷолиб ва хушсифат чоп гардида, коршиносони забони тоҷикӣ бар ин назаранд, ки он осону дастрас навишта шудааст. Рӯи таҳияи ин энксклопедия даҳҳо олимон кор кардаанд.
«Энсиклопедия аз маълумоти умумӣ ва мушаххас дар бораи таърихи Тоҷикистон, пайдоиши тамаддун иборат буда, фаслҳои алоҳида ба кайҳон, техника, олами ҳайвонот ва ғайра бахшида шудаанд. Маводи бештари нашрия таърихи Тоҷикистон ва табиати онро дар бар мегирад», - зикр мегардад дар муқаддимаи китоб.
Ба гуфтаи Раҳматзод, арзиши китоб барои харидорони оддӣ каме дастнорас аст, чунки он на дар матбаааи давлатӣ, балки дар матбааи хусусии «ЭР-Раҳмон» чоп шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сармуҳаррири Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон Нурмаҳмад Амршоҳӣ, баъди ду моҳ ин китоб боз ба кӯдакони тоҷик бо сифати беҳтар ва нархи дастрастар чоп ва пешкаш карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста