Дар ноҳияи Виборги шаҳри Санкт-Петербург 100-солагии сарбози Артиши Сурх Зайниддин Осимиро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шуда буд, ҷашн гирифтанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2013 дар назди Санкт-Петербург баъди гузашти қариб 70 сол қабри сарбози тоҷик Зайниддин Осимӣ дарёфт шуд. Зайниддин Осимӣ бародари калонии академик Муҳаммад Осимӣ, муассиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. Бародарон Зайниддин ва Баҳриддин Осимӣ дар як полк хизмат карда, Зайниддин дар назди шаҳри Ленинград ҳалок мешавад. Баҳриддин ҷасади ӯро ба хок меспуорад, вале танҳо дар хотир дошт, ки ӯро дар ноҳияи Виборги вилояти Ленинград гӯр кардааст ва ҷойи қабрро аз хотир фармӯш карда буд.
Хешону наздикони Осимӣ зикр карданд, ки ҷамъомад ба ифтихори 100-солагии Зайниддин Осимӣ рӯзи 14-уми май дар ноҳияи Виборг баргузор шудааст. Дар он намояндагони оилаи Осимӣ аз Маскав, Санкт-Петербург, Тоҷикистон ва Белорус иштирок кардаанд. Ҳамчунин толибилмони мактаби маҳаллӣ низ ҳузур доштаанд. Мушарраф Осимӣ, духтари Зайниддин Осимӣ бори нахуст оромгоҳи падарашро зиёрат кардааст. Падараш ҳанӯз то таваллуди ӯ ҳалок шуда буд. Айни замон Мушарраф Осимӣ дар Маскав ба ҳайси саратоншинос-гинеколог кор мекунад.
Дар гузориши видеоии гурӯҳи расонахои «Наш город» зикр мегардад, ки оилаи Осимӣ ба ҳукуматдорони ноҳия барои поси хотир доштани Зайниддин Осимӣ миннатдорӣ изҳор намуданд. Ҳамчунин ба оилаи Бочковҳо низ, ки тӯли ин солҳо қабрро нигоҳубин мекунанд, низ арзи сипос карда шуд.
Зайниддин Осимӣ олим буда, солҳои қабл аз ҷанг омӯзгорӣ мекард. Ҳамчунин ба тарҷумаи китобҳои фанни химия ба збони тоҷикӣ машғул буд. Дар ҷойи ҳалокати ӯ бародараш яке аз китобҳои ӯро меёбад, ки пурра бо тирҳо сӯрох шуда буд. Айни замон ин китоб дар осорхонаи яке аз мактабҳои олии Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар ҷабҳаҳои набарди ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 290 ҳазор сарбозону афсарони тоҷик корнамоиҳо нишон дода, 90 ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Дар ҶБВ 49 нафар тоҷикистониён ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 14 нафар бо маҷмӯи пурраи се дараҷаи ордени Шараф ва зиёда аз 55 ҳазор нафарашон бо мукофотҳои гуногуни ҷангӣ сарфароз гардонида шуданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста