Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бо истифода аз Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорияш (ДРЕФ) ҷиҳати ироаи ёрии башардӯстона ба оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ғончӣ мусоидат менамояд.
Дар маълумоти маркази иттилооти ҶҲАТ дар ин робита зикр мегардад, ки бино бар маълумоти расмӣ, селу ярч, ки дар рӯзҳои 10-ум ва 11-уми май дар пайи боронгариҳои шадид дар чанд минтақаи Тоҷикистон рух доданд, дар маҷмӯъ, ба бештар
аз 5,300 нафар дар саросари Тоҷикистон зарар расониданд. Кормандон ва ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар чаҳорчӯбаи барномаҳои ФБҶ СС ва ҲА тамрин дида ва бо таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардидаанд, аз рӯзи нахустини воқеа дар маҳалли офат ҳозир шуда, ба зарардидагон ёрии аввал ва ёрии равонӣ расониданд, баҳогузории сареъ баргузор карданд, ба мақомот дар кӯчонидани мардум ба маҳалли бехатар мусоидат намуданд, ва ба як гуруҳи осебдидагон аз анборҳои ҶҲАТ дар Душанбе ва Суғд ёрии башардӯстона расониданд.
Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи ДРЕФ, ба 250 оила (1250 нафар) маводи ғайриғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ, ва маводи сохтмонӣ ёрии ФБҶ СС ва ҲА расонида мешавад. Ёриҳои мазкур бо назардошти ниёзҳои мардуми зарардида ва тибқи меъёрҳои интихоби баҳрагирандагон, ки бо мақомоти маҳаллӣ, намояндагони маҳаллаҳо, ва Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ мувофиқа шудаанд, тақсим мешаванд.
Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа, ҳамчунин, дар интиқоли оби нӯшокӣ ба 4585 нафар мусоидат мешавад. Оби нӯшокӣ ва воситаи нақлиёт аз ҷониби Ҳукумат пешниҳод шуда, ҶҲАТ барои нақлиёт сӯзишворӣ медиҳад ва ҳамчунин ихтиёриёни худро барои назорати интиқоли об ва ёрӣ дар тақсимот сафарбар мекунад. ҶҲАТ, ҳамчунин, барои баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум доир ба беҳдоштӣ низ саҳм мегузорад.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар диданду манзилҳои истиқоматияшонро аз даст доданд, оилаҳое, ки саробонашон зан, солхӯрдаҳо, кӯдакони хурдсол, ва ҳамчунин, оилаҳое, ки бо ёриҳои ниҳодҳои дигар фаро гирифта нашудаанд, ёрӣ расонида мешавад.
Ин саввуми лоиҳаи ДРЕФ дар соли ҷорӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ду лоиҳаи қаблӣ дар маҷмӯъ 672 хонадонро фаро гирифта буд. Дар чаҳорчӯбаи ДРЕФ-и якум, дар ноњияи Шӯробод 192 оила бо маводи ғайриғизоӣ, ба мисли бастаҳои беҳдоштӣ, болишу кӯрпаву кӯрпача, сатил, бел, ҷиҳози ошхонаву ғайра мегиранд. Иловатан, дар ноњияи Шӯробод 500 оила, бо шумули оилаҳое, ки бо ёрињои ғайриғизоӣ таъмин мешаванд, маводи иттилоотӣ дарёфт мекунанд. Лоиҳаи ДРЕФ-и дуввум 172 оила дар Хуросонро дар бар мегирад, ки аз ин шумор 90 оила бастаҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ва 82 оила бастаҳои ғизоӣ мегиранд. Ҳамаи ин хонадонҳо бо маводњои гуногуни иттилоотӣ дар мавзӯъи амнияти беҳдоштӣ ва коҳиши хатари офатҳо таъмин мешаванд. Аъзоёни дигари Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар низ ба зарардидагон ёрии башардӯстона мерасонанд. Салиби Сурхи Олмон дар ҳамкории дуҷониба бо ҶҲАТ ба 192 оила дар минтақаи Кӯлоб бастаҳои ғизоӣ ирсол кард.
Лоиҳаҳои ДРЕФ бо назардошти натиҷаҳои баҳогузории ниёзҳо, ки муштаракан бо мақомоти маҳаллӣ, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, ва раҳбарони ҷамоатҳо гузаронида шудааст, тарҳрезӣ шудаанд. Раванди ироаи ёриҳо аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкории наздик бо мақомоти маҳаллӣ ва раисони ҷамоатҳо ҷараён дорад.
Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ (Disaster Relief Emergency Fund (DREF) бунёдест, ки соли 1985 аз ҷониби ФБҶ СС ва ҲА ҷиҳати пуштибонии сареъи молӣ аз вокунишҳои изтирории Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба ҳолатҳои фавқулода ташкил шудааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста