Рӯзи 23-юми май, Рӯзи ҷавонон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони насли наврас мулоқот карданӣ нест.
Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имсол рӯзи ҷавонон бидуни маросимҳои расмӣ баргузор мешавад. Дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳру навоҳии кишвар танҳо чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Дар боғҳои пойтахт ба муносибати ин ҷашн консертҳо баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, Рӯзи ҷавононро дар Тоҷикистон имсол бидуни чорабиниҳои тантанавии расмӣ ҷашн мегиранд ва вохӯрии анъанавии президент бо ҷавонон санаи 23-юми май маъмулан дар ҳар як 5 сол доир мегардад.
Бори ахир Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон соли гузашта мулоқот карда буд. Дар маҷлиси пуршукӯҳ 2,2 ҳазор ҷавонони тоҷикистонӣ ширкат варзида, ба ҳар кадоме аз онҳо аз номи президент айпад ва китоби ӯ «Маорифпарвар» тақдим карда шуд.
Президенти мамлакат қайд карда буд, ки замони 20 соли истиқлолият зиёда аз 7 ҳазор ҷавонон ҷиҳати таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд, ки 2,8 ҳазори онҳо таҳсилро хатм намуда, беш аз 3,9 ҳазор нафари онҳо таҳсилро идома медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буд, ки тайи 5 соли ахир бо роҳхати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо 4 ҳазор нафар ҷавонони кишвар ҷиҳати таҳсил ва такмили ихтисос ба давлатҳои хориҷӣ сафарбар шудаанд.
Дар баробари дастовардҳои аз ҷониби президент зикршуда соли гузашта дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонон як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷики муқими Русия дар шабакаи иҷтимоии Facebook муроҷиатнома ба президенти Тоҷикистонро интишор намуда, дар он шикоят карданд, ки дар айни камолот буда, оянда дар Тоҷикистон барои худ ҳеҷ рушду пешравиеро намебинанд.
«Тайи солҳои ахир кишвари дорои захирахои бойи табиӣ ба яке аз кишварҳои қашшоқтарин табдил ёфт, дар бораи ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон мардум танҳо орзу мекунанд. Имрӯз 1 млн. нафар тоҷикон дар Русия кор карда, мавриди азияту таҳқир қарор гирифтаанд. Ҳамасола аз Русия садҳо тобути муҳоҷиронро меоранд. Ба қатори «хизматҳо»-и шумо ҳамчунин метавон костагии ахлоқ дар ҷомеаро шомил намуд, имрӯз дар кишвари мо фоҳишагариву нашъамандии ҷавонон ба авҷи аъло расидааст. Дар бораи маориф ва тандурустӣ беҳтараш хомӯш будан авлотар аст», - зикр карда буданд дар муроҷиатномаи худ ҷавонони тоҷик.
Бо қарори президент Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон ҳамасола аз соли 1997 ҷашн гирифта мешавад. Дар вохӯриҳои анъанавии худ сарвари давлат маъмулан дар бораи дастовардҳо дар масъалаи дастгирии ҷавонон сухан гуфта, роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самтро баррасӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин ба насли наврас хотиррасон мекунад, ки тақдири минбаъдаи мардум ва давлат маҳз ба дӯши онҳо вогузор мегардад, ки ин аз онҳо масъулияти бузург, кӯшиши мунтазам ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолии кишвар, инкишоф ва густариши худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиро талаб менамояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста