Анонс
- Нахустин президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар кори ҷаласаи навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» иштирок ва суханронӣ мекунад (бинои маркази тиҷоратии «Пойтахт», кӯч. Турсунзода, 45). Оғоз соати 17-00;
- Баронхонуми Британияи Кабир Вивен Стерн ба Тоҷикистон меояд, то ки ба кори худ бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар масъалаи ислоҳоти зиндонҳо идома бахшад;
- Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон маросими муаррифии лоиҳаи USAID оид ба тиҷорат ва мусоидат ба Афғонистон (ATAR) доир мегардад. Оғоз соати 09-30;
- Дар бинои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии жарналисти шинохтаи тоҷик Субҳон Раҳматов чорабинӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 14-00;
- Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Маркази тиҷорати «Вафо»-и ш. Душанбе дар чаҳорчӯбаи барномаи «Ташаббусҳои шаффофият ва зерҳисобият» дар мавзуи «Машғулиятҳои амалӣ оид ба таҳлили буҷет» тренинг мегузаронад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9079 сомонӣ;
1 евро - 6.9366 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.142 7 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1992 – Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Герсогии Бузурги Люксембург.
2009 — Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и Душанбе ҳамоиши нахустини соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор шуд.
1936 – Зодрӯзи фолклоршинос Салоҳиддин Фатҳуллоев.
1942-1982 – Мавлуди ҳунарманди рақси балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Малика Собирова.
1944 – Зодрӯзи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саидбой Шербоев.
1947 — Зодрӯзи Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.
1949-2009 – Зодрӯзи журналист Абдулхай Саидов.
Вазъи обу ҳ аво
Огоҳӣ: Рӯзи 22-юми май дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор пешбинӣ гардида, шабона борони кӯтоҳмуддат ва баъзан боришоти шадиду раъду барқ ва жола дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ хатари селфароӣ ба вуҷуд меояд. Дар дарёҳо болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид) ва раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +15+20.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +15+20; дар шарқи вилоят шабона -4+1, рӯзона +4+9.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +23+25.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста