Соли ҷорӣ дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон барои 103 ҳазор нафар нафар толибилмон занги охир садо медиҳад. Маросими «Занги камолот» чун соли гузашта 7-уми июн доир мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, аз шумори умумии хатмкунадагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ 44 ҳазору 805 нафарашон духтарон мебошанд.
«Рӯзи 7-уми июн «Занги камолот» танҳо барои хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон садо медиҳад. Барои хонандагони мактаби пойгоҳи низомии Русия (мактаби №6) ва литсейи назди Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ва литсейи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон он 25-уми май садо медиҳад, зеро ин муассисаҳои таълимӣ мутобиқи низоми таълими Русия фаъолият мекунанд», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, айни замон дар саросари кишвар дар маҷмӯъ 3 ҳазору 826 мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз синфи 1 то 11-ум 1 млн. 45 ҳазору 939 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Соли гузашта низ рӯзи 7-уми июн дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои 109 ҳазору 527 нафар нафар толибилмон занги охир садо дода буд. Аз Вазорати маориф шарҳ дода буданд, ки тасмими маҳз ҳамин рӯз баргузор кардани маросими «Занги камолот» барои пурра ба анҷом расонидани барномаи 34-ҳафтаинаи мактабӣ пеш гирифта шудааст.
Соли 2013 Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо назардошти сард омадани зимистон таътили тирамоҳӣ ва баҳории толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор карда, аз ин ҳисоб таътили зимистонаро ба муддати 1 моҳ муқаррар намуд. Муддати се сол аст, ки аз ин таҷриба кор гирифта мешавад. Имсол ҳам толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон муддати тамоми моҳи январ ва 10 рӯзи моҳи феврал истироҳат карданд.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2007 мувофиқи фармоиши президенти Тоҷикистон, бо мақсади сарфаи хароҷот аз ҷониби волидайн ва таъмини амнияти хатмкунандагон, баргузории чорабиниҳои мактабӣ бахшида ба «Занги охирин» ва «Иди алифбо» ва ҳамчунин доир сохтани сайругашти хатмкунандагон бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ мамнӯъ эълон гардид.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста