Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки баҳри дастгирии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ-и ҷумҳурӣ 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, раиси шаҳр ба муовинон ва раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки ба тамоми қисмҳои низомии воқеъ дар қаламрави шаҳри Душанбе рафта, дар чорабиниҳои тантанавӣ ширкат варзанд.
«Ғайр аз ин, дар рӯзи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии кишвар мақомоти шаҳрдории пойтахт дар 7 қисми низомӣ барои сарбозону афсарон дастурхони идона ороста, дар иҷрои сарояндагони эстрадаи тоҷик барномахои консертӣ пешкаш мекунад», - гуфт манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста