Рӯзи 24-уми май назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Бишкек «алайҳи зуҳури зӯроварии дар Хоруғ ҷойдошта» аксияи осоиштаи эътирозии зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.
Бино ба иттилои созмондиҳандагони гирдиҳамойӣ, барои иштирок дар ин аксия намояндагони гурӯҳҳои гуногуни этникии Бадахшон гирдиҳам омада, баргузории ҷамъомад бо ҳукуматдорони шаҳри Бишкек мувофиқа шудааст.
Созмондиҳандагони чорабинӣ бар ин назаранд, ки сабаби рух додани чунин ҳодисаҳо оқибати ҳалношуда боқӣ мондани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар вилоят ва нишони нобоварии амиқи аҳолии минтақа ба ҳукумати марказӣ ва бахусус мақомоти интизомӣ мебошад.
Гуфта мешавад, дар гирдиҳамойӣ ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов супурдани муроҷиатнома дар назар аст, ки он аз пешниҳодоти мушаххас ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти вилоят иборат аст.
Ёдрас мекунем, ки дар робита ба рӯйдодҳои фоҷебаори рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғ ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ изҳорот интишор намуда , дар он ин рӯйдодҳоро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста