Имрӯз соати 10:00 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми май ҷашн гирифта мешавад, гузашти низомӣ доир мегардад.
Дар гузашти низомӣ беш аз 10 ҳазор нафар сарбозону афсарони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ба гузашт фармондеҳи гарнизони Душанбе генерал-майор Бахтиёр Рӯзминшоев роҳбарӣ карда, гузаштро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул мекунад.
Дар назди иштирокчиёни гузашт сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи якшанбе аз Беларус ба Душанбе баргашт, суханронӣ мекунад.
Дар робита ба гузашти низомӣ аз субҳи имрӯз ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт маҳдуд карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста