Кристин Берлӣ, муовини раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), рӯзи якшанбеи 25 май, барои аввалин сафари худ ба Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе гашт.
Бино ба иттилои баёнияи хабарии КБСС дар Тоҷикистон, дар давоми сафар ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати гуфтугӯ дар мавриди фаъолиятҳои феълии КБСС ва дурнамои башардӯстона мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.
Ба иттилои манбаъ, хонум Берлӣ ҳамчунин бо хонаводаҳои баҳраманд аз кумакҳои иқтисодии КБСС дидор ва мустақиман тарҳҳоеро хоҳад дид, ки ба хонаводаҳои барои дарёфти даромаде пойдор ва муназзам кумак хоҳад кард. Боздид аз Маркази ортопедии Душанбе, ки тавассути Сандуқи вижаи маълулони КБСС пуштибонӣ мешавад, низ баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, илова бар ин, муовини раис аз сохтори КБСС барои пуштибонӣ аз Афғонистон, ки аз сентябри соли 2013 бо мусоидати мақомоти Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, боздид хоҳад кард.
Муовини раиси КБСС гуфтааст: “Ин муҳим аст, ки КБСС ҳамчунон ба мардуми таҳти таъсири авоқиби ношӣ аз даргириҳои гузашта ва дигар шароити хушунатомез кумак намояд. КБСС ҳамчунин мутаъаҳҳид ба тарвиҷи ҳуқуқи байналмилали башардӯстона ва меъёрҳои дигари башардӯстона бо мақомоти давлатии Тоҷикистон аст.”
КБСС намояндагии худро дар Тоҷикистон дар январи соли 1993 дар вокуниш ба ҷанги дохилӣ ифтитоҳ кард.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли ҳозир КБСС барномаҳои худро дар кишвар бар асоси салоҳияти худ ва авлавиятҳои аслии башардӯстона дар ҳамоҳангӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки шарики аслиаш дар кишвар аст, анҷом медиҳад: ҳалли мушкилоте башардӯстона, монанди мин ва афроди гумшуда, омодагӣ барои вокуниш ба шароити изтирорӣ ва ҳамчунин тарвиҷи ҳуқуқи байналмилали башардӯстона ва ҳанҷорҳои дигари башардӯстона.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста