Зимни сафари шиносоии ҳайати Тоҷикистон ба Русия аз 18 то 25-уми май дар доираи лоиҳаи Дастгоҳи иҷроияи президент оид ба таҳкими имконоти хадамоти муҳоҷират ошкор гардид, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷии ноҳияи Егоревски вилояти Маскав 50 шаҳрванди Тоҷикистон истирдод ба ватанро интизоранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ҳадафи сафар таҳкими ҳамкорӣ дар масоили танзими муҳоҷирати корӣ, табодули таҷриба ва маълумоти оморӣ миёни мақомоти муҳоҷирати кишварҳо ва ошно гардидан бо шароит ва навгониҳо дар фаъолияти сохторҳои дахлдори марбут ба муҳоҷирати Русия аст.
«Зимни боздид аз тавқифгоҳи мувақкатии ноҳияи Егоревск маълум шуд, ки дар ин ҷо дар баробари шаҳрвандони дигар кишварҳо 50 шаҳрванди Тоҷикистон низ будубош доранд, ки бо қарори суд ба қонуншикании маъмурӣ дар бахши муҳоҷират айбдор дониста шуда, бояд ба ватан истирдод шаванд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли вай, намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо шароитҳои нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон ошно гардида, бо онҳо суҳбат кардаанд. «Ба гуфти муҳоҷирон, шароити ин тавқифгоҳ қаноатбахш буда, бошандагони он се вақт бо ғизо ва шароитҳои зарурии санитарӣ таъминанд. Пас аз анҷоми тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо онҳо ба ватан фиристода мешаванд», - гуфт Аҳмадов.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни суҳбат муҳоҷирон аз намояндагони мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки онҳоро бо телевизион таъмин кунанд. «Дар посух кормандони намояндагиии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик дархосташон қаноатбахш карда мешавад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста