Анонс
- Президенти Тоҷикистон бо сафари серӯзаи давлатӣ ба Баҳрайн меравад;
- Нимаи аввали рӯз ба ифтихори 20-солагии таъсиси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт маҷлиси ботантана ва консерти устодони ҳунари Тоҷикистон баргузор мешавад;
- Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои иштирокчии амалиёти СААД «Канал – Южный капкан» доир мегардад;
- Дар доираи Рузҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон соати 15-00 дар Консерваторияи миллии ба номи Талабшо Сатторов вохӯрии эҷодӣ ва машғулиятҳои ҳунарии мусиқачиён баргузор шуда, соати 18-00 дар толори Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский аз ҷониби донишҷӯёни факултаи актёрии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография (ВГИК) аз рӯи асари А.Островский спектакли «Лес» (Ҷангал) намоиш дода мешавад;
- Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конфронси илмӣ-амалӣ барпо мегардад;
- Варзишгардухтари шинохтаи тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс, ки аз 27-уми май то 2-юми июн дар шаҳри Ӯши Қирғизистон доир мегардад, иштирок мекунад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9065 сомонӣ;
1 евро - 6.9353 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.14 47 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1921 – Эълони истиқлолияти давлатии Афғонистон.
2001 — Дар асоси платформаи Теҳрони Ҳизби демократи ҶТ дар кишвар ҳизби «Тараққиёт» таъсис дода шуд.
2003 — Дар Исфара нахустин Анҷуман-ҷашнвораи байнулмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор шуд.
2008 — Дар Кӯлоб амалиёти боздошти гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддири Суҳроб Лангариев доир гардид.
2009 — Дар Душанбе омӯзишгоҳи САҲА оид ба идоракунии марзҳо ифтитоҳ гардид.
2010 — Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нахустин парвоз тариқи хатсайри Душанбе-Киев-Душанберо анҷом дод.
1926 – Зодрӯзи журналист Бекназар Аҳмадов.
1942 – Мавлуди оҳангсоз Зокир Нишонов.
1945 – Зодрӯзи сарояндаи опера, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Бурҳон Муҳаммадқулов.
1949 – Мавлуди Арбоби шоистаи Тоҷикистон Ғуфронҷон Раҳимбоев.
1950 – Зодрӯзи овозхон Душанбе Паллаев.
1954 – Мавлуди нависанда Марина Некрасова.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +23+28; дар шарқи вилоят шабона -2+3, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +25+27.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста