Раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқ, ки чанде қабл бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард, имрӯз бо рафти сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ ва ороишоти Маркази фарҳангӣ-фароғатии «Тахти Наврӯз» шинос шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни шиносоӣ бо сохтмони иншоот меҳмони олиқадри хориҷиро муовини аввали раиси МНМО ҶТ Амиршо Миралиев ҳамроҳӣ кардааст.
Маркази фарҳангӣ-фароғатии «Тахти Наврӯз» дар рӯ ба рӯи Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ, дар соҳили Кӯли ҷавонон қомат меафрозад. Бинои сеошёнаи марказ мутобиқи анъанаҳои чандинасраи меъморӣ ва ороишотии миллӣ ва ҳамчунин бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмон бунёд мегардад.
Мувофиқи нақша, ягона Маркази фарҳангӣ-фароғатии «Тахти Наврӯз»-и кишвар бояд моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ин иншоот бояд яке аз чойхонаҳои бузургтарин дар ҷаҳон барои 2 ҳазор нафар ҷой шавад.
Қобили зикр аст, ки ба ин иншооти сохтмонаш ҳанӯз нотамом аллакай меҳмонони воломақоми Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Моҳҳои март ва майи сол равон бо ҷараёни сохтмони он раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов шинос шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста