Бар асари боришоти шадид дар ҷумҳурӣ тамоми ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и Тоҷикистон дар ҳолати омодабоши комил қарор дошта, бо реҷаи пурзӯр фаъолият доранд.
Бино ба иттилои КҲФ ва МГ Тоҷикистон, имрӯз аз ҳама бештар дар минтақаи шаҳри Норак боришоти шадид сурат гирифта, дар вилояти Хатлон хатари фаромадани селҳо вуҷуд дорад.
«Тамоми ситодҳои КҲФ дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор дошта, ба дастгоҳи марказии кумита то ин дам дар бораи харобиҳову талафоти ҷонӣ бар асари офати табиӣ маълумот ворид нагардидааст», - гуфтанд дар Кумита.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи боришоди шадид дар шаҳри Душанбе роҳҳо беҳад пуроб гардида, ба ҳаракати нақлиёт монеъа эҷод гардид.
Бино ба маълумоти Муассисаи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, обуҳавои ноустувор дар Тоҷикистон то рӯзҳои 1-2-юми июн боқӣ мемонад. Боронҳои кӯтоҳмуддат (баъзан шадид) меборанд. Дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳ хатари селфароӣ ва дар дарёҳо болоравии сатҳи об дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста