Бахшида ба таҷлили Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон, дар боғи кӯдакони назди варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахт бо иштироки овозхонони навраси эстрада чорабиниҳои асосии ҷашнӣ доир мегарданд.
Чорабиниҳо соати 9-и субҳ бо ифтитоҳи намоишгоҳи маснӯоти ороишотӣ ва ҳунармандии дастӣ, ки аз ҷониби тарбиятгирандагони марказҳои эстетикии ҷумҳурӣ омода шудаанд, оғоз мегарданд.
Ҳамзамон дар қисмати дигари боғ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, викторина ва озмуни махсус барои кӯдакон – «Расмкашӣ дар рӯйи асфалт» доир мегардад. Дар фарҷом ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ ва озмун туҳфаҳои арзишманд тақдим карда мешаванд. Тамошобинони хурдсол ҳамчунин метавонанд бепул аз маснӯоти қаннодӣ лаззат баранд.
Шоми ҳамин рӯз дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти ғолибони фестивал-озмуни ҷумҳуриявии овозхонони наврас – «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор мешавад, ки ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида буд.
Қобили зикр аст, ки соли 1925 дар Конфронси умумиҷаҳонӣ бахшида ба масъалаҳои таъмини некӯаҳволии кӯдакон дар шаҳри Женева дар бораи ҳамасола санаи 1-уми июн баргузор кардани Рӯзи байнулмилалии ҳимояи кӯдакон қарор қабул карда шуд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста