Ҳукумати Русия ҷиҳати пардохти ихтиёрии 246 млн. рубл ба Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) супориш дод.
Бино ба иттилои РИА Новости, фаъолияти фонд ба рушди фазои умумии гуманитарӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ дар ИДМ тавассути маориф, илм, фарҳанг, коммуникатсияҳои оммавӣ ва иттилоотӣ, варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонон нигаронида шудааст.
«Вазорати молияи Русия пардохти маблағро аз ҳисоби воситаҳои ҷудошудаи буҷети пешбинишуда ба Вазорати молияи Русия дар буҷети федералӣ барои соли 2014 таъмин намояд», - хабар медиҳад КоммерсантЪ бо истинод ба матни ҳуҷҷати дахлдор.
Тибқи маълумоти сомомонаи Фонди ҳамкории гуманитарӣ, фонд бар асоси шартномаи баимзорасида дар ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 25-уми майи соли 2006 дар Душанбе аз ҷониби ҳафт кишвар – Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амал мекунад. Соли 2008 ба ин шартнома Озарбойҷон низ ҳамроҳ шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста