Дар боғи кӯдакони пойтахт рӯзи 7-уми июн нахустин эко-ярмаркаи «Фримаркет» дар Тоҷикистон доир мегардад, ки аз ҷониби ташкилоти экологии «Маленькая Земля» (Замин хурд) созмон дода мешавад.
Бино ба иттилои дастандаркорони чорабинӣ, дар эко-ярмарка ҳамаи хоҳишмандон метавонанд чизҳо ё предметҳоеро, ки барояшон нолозим аст, супоранд ё иваз намоянд. Ярмарка ба мунорсибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист гузаронида шуда, воридшавӣ ба он ройгон аст.
Дар доираи чорабинӣ ҳунарманд Бахтиёр Назирбоев хотири ҳозиринро болида карда, Баҳром Комилов бепул мӯйи сарҳоро ба тартиб меорад ва ҳамчунин аз ҷониби иштирокчиён шеърҳо қироат шуда, коғазкӯҳна ҷамъоварӣ мегардад.
Бино ба маълумоти ташкилоти экологии «Маленькая Земля», ҳадафи аслии баргузории эко-ярмарка ҷалби мардум ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи захираҳо ва муҳим будани табодул бо якдигар, манфиат овардан ва кумаки ройгон ба афроди ниёзманд аст.
Гуфта мешавад, дар эко-ярмарка ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд. Тамоми чизу предметҳо бепул ва бидуни бозгашт қабул шуда, ба ярмарка овардани ҳама гуна чизу ашёи нолозим – зарф, сарулибос, китоб, бозичаҳо, техникаи маишӣ, асбобу лавзомот, туҳфаҳо, дискҳо ва ғайра имконпазир аст. Шарти асосӣ – ашёву чизҳо бояд комил ва тозаву коршоям бошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста