Анонс
- Дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи VIII-уми байнулмилалии саноати сабук «ИнтерЛегПром-2014» ифтитоҳ мегардад. Дар намоишгоҳ матоъҳои гуногун, трикотаж, сарулибос, нах, ришта, маснӯот аз мӯинаву чарм, мебел барои манзил ва дафтари корӣ, пойафзол ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Оғоз соати 10-00;
- Дар Душанбе кори ҷаласаи 11-уми Кумитаи раҳбарии «Маркази ҳунармандӣ» барои кишварҳои узви ИДМ ва ҷаласаи 25-уми Комиссия оид ба рушди захираҳои инсонӣ идома меёбад. Дар ҷаласа намояндагони Белорус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9112 сомонӣ;
1 евро - 6.7403 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.14 06 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
Рӯзи байнулмилалии ҳифзи муҳити зист.
1922 – Нахустшумораи маҷаллаи ҳаҷвии «Крокодил» ба табъ расид.
2004 – Дар Сочи гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Э.Раҳмон ва В.Путин роҳи ҳалли ӯҳдадориҳои қарзии Тоҷикистон дар назди Русияро пайдо карданд. Қарор шуд, ки 250 млн. $-и қарз ба ивази ба ҷониби Русия додани истгоҳи назорати кайҳонии «Окно» ҳисоббаробарӣ шуда, 50 млн. $ ба сифати сармоягузории Русия дар Тоҷикистон истифода шавад.
2011 — Гӯштигири тоҷик Расул Боқиев дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба дзюдо дар Бухарест медали тилло ба даст овард.
2012 — Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ барои ғайриқонунӣ нигоҳдории силоҳи оташфишон собиқ раҳбарони Комбинати ордбарории Қайроқкум маҳкум шуданд.
1927 – Зодрӯзи адабиётшинос ва тарҷумон Бобо Худойдодов.
1934 – Мавлуди олим Наим Яқубов.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +20+25.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +15+20.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона дар водиҳо аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +16+21.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +18+23; дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +7+12.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, рӯзона бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +31+33.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +18+20.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста