Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон наворҳои видеоии шабакаи телевизионии «Нури Наҳзат»-ро маҳкум намуда, онро бадахлоқӣ унвон кард.
Котиби матбуотии Кумита Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки алҳол Кумита наворҳои видеоиро ташхис накардааст, вале ҳам Кумита ва ҳам Маркази исломӣ паҳнкунии ба ин монанд наворҳоро маҳкум мекунанд.
«Паҳн кардани наворҳои видеоии бадахлоқона ба қонунгузории Тоҷикистон мухолиф аст», - зикр кард А.Муқим.
Қобили зикр аст, ки тайи ним соли ахир дар видеохостинги Youtube аз ҷониби студияи «Нури Наҳзат» наворҳои видеоӣ гузошта мешаванд, ки дар онҳо рафтори бадахлоқонаи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танқид мешавад. Навори видеоии ахир рӯзи 3-юми июн интишор шуд.
Дар ин навор бо номи «Ҷодугари панҷакентӣ» имомхатиби деҳаи Майкада ба амалҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ва қаллобӣ иқрор мешавад.
Дар сабти видеойӣ наворҳое мавҷуданд, ки дар он духтари ҷабрдида аз амалҳои мулло Асадулло Каримов дар бадани худ навиштаҷот бо забони арабиро нишон медиҳад ва ба гуфтаи мулло, ин навиштаҷот бо мақсади гарм кардани дӯстдоштаи духтар навишта шудаанд. Худи ҷабрдида ҳикоят мекунад, ки чӣ гуна ӯ фиреб хӯрда, мавриди амалҳои зӯроварии шаҳвонӣ қарор гирифтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста