Модари маҳбусе, ки аз болои раиси Ҳизби-сотсиал-демократии Тоҷикистон ба суд шикоят бурда буд, санаи 5-уми июн аз олам даргузашт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешону наздикони марҳум Савлат Сафолова хабар доданд.
Ёдрас мекунем, ки наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи марги ӯ дар ҷаримагоҳи зиндон, аз раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар ҳаҷми 10 ҳазор ва 1,5 ҳазор товони зарари моддӣ ва маънавӣ тақозо намуданд.
Санаи 14-уми майи соли равон суди ноҳияи Синои пойтахт оид ба ин даъво қарор содир намуд, ки мутобиқи он, Раҳматилло Зойиров барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардида, ба пардохти ҷарима ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 8 ҳазору 750 сомонӣ уҳдадор шуд. Ин маблағ миёни ду даъвогари асосӣ – наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов ва маъмурияти муассисаи ислоҳии рақами 1 мутаносибан 4750 ва 4000 сомонӣ тақсим мешавад.
Аммо айни замон Раҳматилло Зойиров аз пайи шикоят овардан ба ин қарори суд дар зинаи таҷдиди назар машғул аст.
Ба гуфтаи наздикони зани фавтида, аз маҳкум шудани писараш Маҳмадраҳим Саидов ӯ хеле озурдаву ғамгин буда, вале маълумоти бардурӯғ дар бораи марги писараш ӯро боз ҳам озурдатар кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста