Раиси ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони кории тоҷик» Каромат Шарипов дар бораи ҳалокати беш аз 500 муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2014 дар шаҳру вилояти Маскав хабар медиҳад.
Зикр мегардад, ки ба рӯйхати дар сомонаи ҳаракат интишоршуда маълумот танҳо оид ба шаҳру вилояти Маскав дарҷ гардидааст. «Таваҷҷуҳи ҷомеаро ба он ҷалб карданием, ки ин маълумот аз ҷониби яке аз мурдахонаҳои сершумори пойтахти Русия пешниҳод шуд. Шумори ин мурдахонаҳо дар шаҳру видояти Маскав ба зиёда аз 150 адад мерасад. Ҳалокати беш аз 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тайи як сол тибқи маълумоти танҳо як мурдахона ва танҳо дар як Ҳавзаи маъмурии марказии Русия талафотест, ки наметавон онро бо талафот дар «нуқтаҳои доғ»-и ҷаҳон муқоиса кард. Ба гунаи мисол, давоми ҷанги чандинсола дар Афғонистон ИМА ҳудуди як ҳазор нафар ҷангиёнро талаф дод», - қайд мекунад Шарипов.
Бо интишори рӯйхати ҳамватанони ҳалокшуда аз моҳи январи соли 2013 то моҳи апрели соли 2014, иштирокчиёни ҳаракати «Муҳоҷирони кории тоҷик» ба маълумоти намояндагони воломақоми Тоҷикистону Русия расониданианд, ки муҳоҷират барои тоҷикон фабрикаи марг аст. «Дар ҷойҳои корӣ, зери чархи нақлиёт, аз дасти ифротгароён на пиронсолон, балки шаҳрвандони тоҷики ҷавону дорои қобилияти корӣ ҳалок мешаванд», - зикр мекунад раиси ҳаракат.
Гуфта мешавад, баҳри абадӣ гардонидани хотираи муҳоҷирони корӣ аъзои ҳаракат чандин сол ба он ноил гардиданианд, ки дар шаҳри Душанбе муҷассамаи муҳоҷири корӣ қомат афрозад, вале «ҳукуматдорони Тоҷикистон садои ҳамватанони худро намешунаванд».
Рӯйхати комили муҳоҷирони кории ҳалокшуда аз Тоҷикистон дар шаҳру вилояти Маскавро бо ин суроға дарёфт карда метавонед: http://tajmigrant.com/publikuem-spisok-sootechestvennikov-ushedshix-iz-zhizni-v-migracii-s-yanvarya-2013-g-po-aprel-2014-my-soboleznuem-i-skorbim-vmeste-s-rodstvennikami-ushedshix-iz-zhizni-sootechestvennikov.html




Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52
Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2026
Хона ба хонаи арӯсон. “Хонагаштак” чӣ гуна ҷашн аст ва ба Наврӯз чӣ қаробат дорад?
Аз қатъи маблағгузории PEPFAR як сол гузашт. Тоҷикистон тавонист роҳи бурунрафт аз ин буҳронро пайдо кунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста