Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев субҳи имрӯз бо даъвати сенати Фаронса бо як ҳайати кишвар ба Фаронса сафар кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» ёвари раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, зимни сафар Убайдуллоев аз ширкати фаронсавии «Итрон Франс», ки дар бозори ҷаҳонӣ бо истеҳсоли таҷҳизоти обҳисобкунакҳо маъруф аст, боздид намуда, бо раиси ширкат Паскал Мишодел дидору гуфтушунид мекунад. «Дар вохӯрӣ масъалаи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсол ва таъмири обҳисобкунакҳо дар шаҳри Душанбе дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт», - иброз дошт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, сафари Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Фаронса то 13-уми июн идома меёбад. Дар доираи сафар Убайдуллоев бо раиси сенати Фаронса Жан Пйер Бел, сенаторон Андре Дюл, раиси гурӯҳи байнипарлумонии дӯстии «Фаронса – Осиёи Марказӣ», Ив Поззо де Борг мовини раиси гурӯҳи дӯстии Фаронса ва Тоҷикистон низ дидору гуфтушунид карда, масоили густаришу таҳкими муносибатҳои байнипарлумониро баррасӣ мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста