Шумораи нахусти маҷаллаи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ бо номи «Дин ва ҷомеа» нашр шуд.
Котиби матбуотии Кумита Афшин Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маҷалла бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба табъ расида, сардабири маҷалла раиси Кумита Абдураҳим Холиқзода аст. Арзиши маҷалла ҳудуди 10 сомониро ташкил медиҳад.
Дар муқоваи шумораи нахустини маҷалла акси президенти кишвар ва ҳамчунин аксҳои вохӯрии ӯ бо аҳолӣ чоп шудаанд.
Ба гуфтаи муҳаррири маҷалла Мавлон Мухторов, дар Тоҷикистон то ҳанӯз маҷаллаи махсуси инъикоскунандаи танҳо мушкилоти марбут ба дин вуҷуд надошт. «Дин ва ҷомеа» маҳз ҳамин гуна маҷалла мешавад. Тамоми мушкилоти марбут ба дин, фиқҳ ва баҳсҳо миёни намояндагони дин дар маҷалла муфассал инъикос карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки идораи маҷалла ҳамчунин ба қабули саволҳои хонандагон омода буда, ба ин саволҳо олимон ва коршиносон посух хоҳанд гуфт. «Хонандагон метавонанд мақолаҳои худро низ барои интишор дар маҷалла ирсол кунанд», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки «Дин ва ҷомеа» аввалин маҷаллаи дорои мундариҷаи динӣ дар Тоҷикистон набуда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо номи «Сафинаи умед» ва портали динии «Рӯзгор» низ ба ин монанд маҷаллаҳои худро интишор мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста