Дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд 11 -14 июни соли ҷорӣ Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон доир мегардад.
Анҷуман бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон.
«Дар чорабинӣ 130 нафар фаъолҷавонон аз ҳисоби роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва аъзои ИТҶТ, волонтёрони АМВТ, намояндагиҳо аз дастгоҳи президенти кишвар, палумон, ниҳодҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, шарикони иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва меҳмонони дигар ширкат хоҳанд кард», - иттилоъ медихад Кумита.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи Анҷуман рушд ва таъмини иштироки насли ҷавон дар таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷомеа, ташаккули заминаҳои методиву амалии ҳаракати волонтёр дар Тоҷикистон ва баррасии механизмҳои рушдёбии устувори ташкилотҳои ҷавонон маҳсуб меёбад.
Дар доираи Анҷуман, ки аз ҷаласаҳои умумӣ ва сесияҳои мавзуӣ иборат аст, масоиле назири дастовард ва натоиҷи фаъолияти ИТҶТ дар соли 2013, қадамҳои нахустини ҳаракати волонтёрӣ ва ҳадафу иқдомҳои Асосиатсияи милли волонтёрӣ, таҳсилоти духтарон: муҳимият ва дурнамо, ақоиди ҷавонон ва таҳлили қонунгузории алоқаманд, фаъолнокии ҷавонон ва рушди ҷомаеву давлат ва масоили дигар муҳокимаву баррасӣ ва барномаҳои фарњангӣ амалӣ хоҳад шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста