Чанде аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон имрӯз дастрасӣ ба видеохостинги YouTube-ро қатъ намуданд.
Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомиддин Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон танҳо корбарони ширкатҳои Мегафон ва Telecom technology ба YouTube дастрасӣ доранд.
Ӯ бар ин бовар аст, ки ояндаи наздик ин ширкатҳо ҳам дастрасӣ ба видеохостинги YouTube-ро қатъ мекунанд. «Таҷриба гувоҳи он аст, ки агар якчанд ширкатҳои фароҳамсози интернет дар як вақт дастрасӣ ба видеохостинги мазкурро қатъ намоянд, ин маънои онро дорад, ки аз боло супориш шудааст. Бо супориши хаттӣ ё шифоҳии Хадамоти алоқаи ҶТ сурат гирифтани ин амалро аз эҳтимол дур намедонам», - гуфт Атоев.
Ба қавли вай, ба онҳо алҳол нусхаи супориши мазкур нарасидааст. «Ман аз эҳтимол дур намедонам, ки қатъи дастрасӣ ба видеохостинг бо пайдо шудани кадом як навори видеоии «номақбул» сурат гирифтааст, вале маҳз кадом навор буданашро намедонам», - иброз дошт Атоев.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube ва баъзе сомонаҳои муайян давра ба давра қатъ мегардад. Ахиран дастрасӣ ба YouTube соли 2013, дар остонаи интихоботи президентӣ қатъ гардида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста