Анонс

- Дар Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба масъалаи пешгирии зӯроварии шаҳвонӣ дар низоъҳо мизи гирд баргузор мешавад. Созмондиҳандаи чорабинӣ сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон аст. Оғоз соати 11-00;

- Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон» оид ба масъалаҳои шарикии давлатӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати беҳбуди шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муқовимат бар зидди коррупсия мизи гирд доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

- Дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд 11 -14 июни соли ҷорӣ Анҷумани ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон доир мегардад. Анҷуман бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон баргузор мешавад;

- Рӯзҳои10-11 июни соли 2014 дар истироҳатгоҳи «Ҷаҳонгир» (Варзоб) барои мушовирони барномаи соҳибкории навташкили Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад  (ИҶК – БМ) дар Тоҷикистон дар мавзўи «Ташаккули ғояҳои тиҷоратӣ ва таҳияи нақшаи бизнес» семинар баргузор мегардад;

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9039 сомонӣ;

1 евро - 6.6820 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.14 53 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1934 — Бо фармони Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Ёвон таъсис дода шуд.

2007 — Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода пас аз марг бо Нишони фахрии русиягии «Ситораи Осиё ва Африқо» сазовор дониста шуд.

2008 — Дар Хуҷанд сомонаи шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд www.farhang-sugd.halk.tj муаррифӣ шуд.

2009 — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб шуд.

1935 – Зодрӯзи доктори улуми физикаву математика, профессор Адҳам Бобоев.

1943-1995 – Мавлуди оҳангсоз Шодмон Пӯлодӣ.

Вазъи обу ҳ аво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +21+26;  дар шарқи вилоят шабона -2+3, рӯзона +10+15.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +22+24.