Аз соли нави хониш барқарор кардани фаъолият 5 мадраса дар вилояти Суғд, ки муваққатан аз фаъолият бозмонда буданд, пешбинӣ мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъба оид ба корҳои дини ҳукумати вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов хабар дод, фаъолияти ин мадрасаҳо аз моҳи июни соли 2013 бинобар сабаби зарурати аз ҷониби ин муассисаҳо дастрас кардани асноди иҷозатномавӣ аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мутаваққиф шуда буд.
«Гурӯҳи кории махсус таъсис ва айни замон ба таҳияи нақшаи таълимии мадраса ва муайян кардани меъёри таҳсил дар он машғул аст. Мо ният дорем, ки дар қатори фанҳои динӣ ба барномаи таълимӣ омӯзиши касбҳоро ҳам ворид намоем, то ки хатмкардагони мадраса дар баробари фаъолияти динӣ ба ягон кори дигаре ҳам машғул буда, сарчашмаи доимии даромад дошта бошанд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли номбурда, иҷозатномаи Вазорати маориф ва илм танҳо пас аз муайян кардани меъёрҳои таҳсил дар мадраса дастрас мешавад. «Феълан барои барқарор кардани фаъолияти мадрасаи шаҳри Хуҷанд тамоми ҳуҷчатҳои зарурӣ омода буда, роҳбарони мадрасаҳои дигари вилоят низ ҷиҳати аз соли нав дубора оғоз кардани фаъолияти муассисаҳои таълимиашон чораҷӯӣ мекунанд», - афзуд Шарипов.
Зимнан зикр гардид, ки дар саросари ҷумҳурӣ имрӯз расман 6 мадраса амал мекунад, ки 5-тои он дар қаламрави вилояти Суғд, дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста