Ба яке аз манзилҳои 4-ошёнаи пойтахт крани сохтмонӣ чаппа шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» тариқи телефон шоҳидони воқеъа хабар доданд.
Ба гуфтаи онҳо, тахминан соати 14-30-и рӯз як крани начандон бузургҳаҷм ба болои яке аз манзилҳои 4-ошёнаи воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулов афтодааст.
Дар ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе тариқи телефон ин маълумотро тасдиқ накарданд. Хабарнигорони «Азия-Плюс» ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, боварӣ ҳосил карданд, ки чунин ҳодиса воқеъан ҳам рух додааст. Крани сохтмонии начандон бузурги воқеъ дар майдони сохтмони хонаи баландошёна якпаҳлӯ ба бинои чорошёна афтода, қисмате аз боми хонаро хароб кардааст.
Бино ба маълумоти шоҳидони воқеъа, аз ин ҳодиса касе осеб надидааст. Дар ҳамин ҳол, зимни таҳияи маълумоти мазкур кран дар ҳамон ҳолати пешинааш қарор дошта, симтанобаш (трос) қариб то ба замин мерасид. Бинокорон изҳор карданд, ки онҳо КҲФ-ро огоҳ кардаанд, вале онҳо то ҳол ҳозир нашуда, сардори сохтмонро ба прокуратура даъват намудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста