Хабарнигори газетаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» Ашӯргул Солеҳова аз болои сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Хоналӣ Қурбонзода ба раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов шикоят бурд.
Ба гуфтаи Ашӯргул Солеҳова, сардори раёсати маорифи вилоят чандин маротиба ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш ӯро мавриди таҳқир қарор додааст.
«Ахиран ӯ маро дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Занги камолот» дар литсейи «Ориёно» ва қаблан дар худи раёсат таҳқир карда гуфта буд, ки ба афту андомат нигоҳ карда пай бурдан мумкин аст, ки ту рӯзноманигорӣ, вале ман модари се фарзанд буда, оддӣ либос ба бар мекунам, зеро маошам имкон намедиҳад, ки сарулибоси гаронбаҳо бихарам», - мегӯяд Солеҳова.
Ба қавли ӯ, агар раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов чораҳои дахлдор наандешад, ба мақомоти дигар шикоят хоҳад кард.
Ашӯргул Солеҳова бо тахаллуси адабии Шабафрӯз муаллифи се маҷмӯаи ашъор – «Гули бодом», «Қисмати миллатам» ва «Пайғоми Хуросон» аст. Соли 2013 ӯ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба унвони беҳтарин ходими адабӣ сазовор дониста шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста