Зимни сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Роберт Орд Смит бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот карда натавонист.
Тавре ба «Азия-Плюс» раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Алим Шерзамонов хабар дод, сафир ба Хоруғ замони сурат гирифтани ҳамла ба бинои сафоратхонаи бритониёӣ дар Душанбе расидааст.
«Аз фурудгоҳ сафирро намояндагони нерӯҳои марзбонӣ ҳамроҳӣ карданд. Ӯро дар меҳмонхонаи «Серена», воқеъ дар соҳили дарёи Панҷ, ки соҳили дигараш қаламрави Афғонистон аст, ҷой доданд. Ба хотири таъмини амнияти сафир, ӯ бо ҳеҷ касе мулоқот накард», - иброз дошт Шерзамонов.
Ба қавли вай, сарфи назар аз ин, дипломат бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин ҳокимияти маҳаллӣ мулоқот карда, муддати тамоми ин вақт кормандони хадамоти дахлдор амнияти сафирро таъмин мекардаанд.
«Вақте замони вохӯрӣ бо мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ расид, ки соат он вақт тахминан 11-и шаб шуда буд, дар қаламрави ҳамшафат тирпарронӣ оғоз гардид. Ҳарчанд дар меҳмонхона якчанд нафар хориҷиён ҳузур дошта бошанд ҳам, вале хадамоти амният танҳо сафиру ёвари ӯро ба қароргоҳи президент кӯчониданд», - зикр кард ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки субҳ сафир боз талаб кардааст, ки ӯро ба меҳмонхона баранд, вале чун ӯро боз ба меҳмонхона бурдаанд, ҳамон дам дар марз боз тирпарронӣ сар шудааст. «Назди марз техникаи низомӣ оварда шуд. Сафир тариқи чархбол бояд соати 11-и рӯз мерафт, вале чун обуҳаво номусоид буд, ӯро ба автомашина шинонида, ба сафар раҳсипор намуданд», - қайд кард Шерзамонов.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми июн дар назди сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон пикети ғайриқонунӣ баргузор шуда , бо боздошти якчанд нафар хотима ёфт. Ин амал аз ҷониби панҷ нафар зан сурат гирифта, онҳо ба сӯйи бинои сафоратхона сангу шиша партофтаанд. Вақте посбонони бинои сафоратхона кӯшиш кардаанд, ки ба ин амали онҳо монеъ шаванд, чор нафар мардон ҳам ба занҳо ҳамроҳ шудаанд. Мардон посбононро лату кӯб карда, занон ба сангу шишапартойӣ ба бинои сафоратхона идома доданд.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста