Сокинони Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки Google ва сервиси почтавии Gmail тариқи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) дастнорас аст.
Дарҳол пас аз қатъи дастрасӣ ба видеохостинги Youtube, чанде аз операторони мобилӣ дастрасӣ ба Google ва Gmail-ро низ қатъ карданд, ки ин ҳолат дар операторони мобилии Tcell ва Мегафон ба мушоҳида мерасад.
Ба саволи корбарон дар робита ба ин масъала аз ширкати Tcell расман посух доданд, ки Youtube дар қатори Gmail қисмате аз портали умумии Google аст ва аз ин рӯ, қатъи дастрасӣ ба Youtube ба сатҳи дастрасӣ ба сервиси Gmail низ таъсир мерасонад. «Аммо мутахассисони фаннии ширкати Tcell баҳри рафъи мушкилот ва барқарор кардани дастрасӣ ба Gmail дар алоҳидагӣ кӯшиш карда истодаанд», - посух дод оператор.
Дар ҳамин ҳол, дар ширкати Мегафон аз ин маълумот изҳори тааҷҷуб намуда, зикр арданд, ки онҳо дар бораи мавҷуд набудани дастасӣ ба Google ва Gmail огаҳӣ надоранд.
Ёдрас мекунем, ки аз санаи 10-уми июн чанде аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба видеохостинги YouTube-ро қатъ намуданд.
Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон Асомиддин Атоев қаблан ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки «таҷриба гувоҳи он аст, ки агар якчанд ширкатҳои фароҳамсози интернет дар як вақт дастрасӣ ба видеохостинги мазкурро қатъ намоянд, ин маънои онро дорад, ки аз боло супориш шудааст». Бо супориши хаттӣ ё шифоҳии Хадамоти алоқаи ҶТ сурат гирифтани ин амалро низ ӯ аз эҳтимол дур надониста буд.
Аммо сардори раёсати иттилоотонии ширкати милли фароҳамсози интернети «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров ба Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала зикр кард, ки Хадамоти алоқа мактубе ирсол накардаву оид ба қатъи дастрасӣ ба Youtube супорише надодааст. «Мо ҳам намедонем, ки чаро Youtube дар мо кор намекунад», - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube ва баъзе сомонаҳои муайян давра ба давра қатъ мегардад. Ахиран дастрасӣ ба YouTube соли 2013, дар остонаи интихоботи президентӣ қатъ гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи хабаргузории «Tojnews» низ аз 10-уми июн дастнорас аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста