Падару модари писарбача бо номи Алиҷонро, ки рӯзи 13-уми июн дар яке аз истгоҳҳои паҳлӯи Сирки пойтахт яккаву танҳо дарёфт шуда буд, барои бемасъулиятӣ ҷарима мекунанд.
Аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки волидайни Алиҷон мутобиқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ҷаримабандӣ мешаванд.
«Ин парванда ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардида, бо қарори суд ҷарима ситонида мешавад. Ҳаҷми маблағи ҷаримаро мо намедонем. Кӯдакро шоми рӯзи 13-уми июн падараш Изззатулло Неъматов бо худ бурд. Ба гуфтаи ӯ, кӯдак бенигоҳубин гузошта шуда будааст», - шарҳ доданд дар Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 13-уми июн дар истгоҳи яке аз кӯчаҳои назди Сирки давлатии пойтахт раҳгузарон ба кӯдаки тақрибан 3-4-солае дучор омаданд, ки яккаву танҳо бе калонсолон дар кӯча мегашт. Кӯдак ба ҷуз номи худ чизи дигаре дар бораи худ гуфта наметавонист.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста