Раёсати тандурустии вилояти Хатлон таи чанд моҳи охир бе роҳбар буд ва ахиран ба ҷои сардори барканоршудаи ин идора Шералӣ Бузмаков, бародари ӯ (писарамакаш) Сайдулло Маллаев омад.
Шералӣ Бузмаков, ки дар симати сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон наздик ба 7 сол нишаста буд ,моҳҳои аввали соли равон аз вазифа барканор шуд. Номбурда баъди эродҳои зиёде дар фаъолияти идораи тандурустӣ аз тарафи раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов бо курсиаш падруд гуфт.
Дар ин чанд моҳи бесардории идораи тандурустӣ, коршиносону мутахассисони соҳа ҳадс мезаданд, ки номзад ба ин вазифаи пурмасъул хеле зиёдасту ҳатто дар байни онҳо номзадии як зан ҳам вуҷуд дорад. Яке мегуфт, ба ин вазифа сардухтури беморхонаи ноҳияи Данғара меояду дигаре мегуфт, ки сардор ин дафъа аз беруни вилоят шояд таъин шавад. Аммо касе ҳатто фикр намекард, ки бародари собиқ сардор ба ин маснад менишинад.
Инак, ҳафтаи гузашта Сайдулло Маллаевро ба ҳайати кормандони идораи тандурустии вилоят ба ҳайси сардори идора шинос намуданд.
Бояд гуфт, ки Сайдулло Маллаев бародарзодаи собиқ сардори идораи тандурустии вилоят ва ҳоло сардори ин идора, то таъин ба вазифаи наваш дар вазифаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиликӯл адои вазифа мекард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста