Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба шаҳри Душанбе рўзи 17 июни соли равон аз соати 11.30 то 13.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Дониш-Сомонӣ то фурудгоҳ, аз соати 13.30 то 15.00 дар хиёбони Сомонӣ-Рўдакӣ-Майдони Дустӣ ва аз соати 17.00 то 18.00 хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ-Бухоро дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Рӯзи 18-уми июн низ аз соати 09.00 то 12.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рудакӣ, хиёбони Рудакӣ аз кӯчаи Карамов то хиёбони Айнӣ, хиёбони С.Шерозӣ, кӯчаи Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Н.Ганҷавӣ, роҳи Душанбе Хуҷанд-Чанок то бустонсарои беруназшаҳрии «Пуғуз» ва аз соати 14.00 то 15.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз бустонсарои беруназшаҳрии «Пуғуз» то фурудгоҳи байналмилалӣ дар ҳолатҳои зарурӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста