Симон Райт, директори Коллеҷи улуми ҷамъиятӣ ва таҳқиқоти байнулмилалии Донишгоҳи Экситер, ки дар он Александр Содиқов ба ҳайси корманди илмӣ фаъолият мекунад, рӯзи 17-уми июн дар робита ба боздошти аспиранти тоҷик изҳороти расмӣ пахш намуд.
«Александр Содиқов, ки тибқи қарордод бо Донишгоҳи Экситер кор мекунад, ҳангоми баргузор намудани мусоҳиба бо намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Хоруғ, минтақаи шарқи кишвар – Бадахшон боздошт шуд. Ҳадафи сафари ӯ ба Бадахшон танҳо ба баргузории кори илмиаш вобаста аст», - зикр мегардад дар изҳорот.
Ҳамчунин гуфта мешавад, Содиқов аз рӯи лоиҳаи маблағгузоришуда аз ҷониби Шӯрои илмии Британия таҳти унвони «Нерӯҳои пайдомешуда ва идораи ихтилофҳо дар Осиёи Марказӣ» таҳқиқот анҷом медод, ки ба ин лоиҳа Донишгоҳи Нюкастл ва ТҒД «Safeworld низ ҷалб шудаанд.
Бо хадамоти матбуоти Донишгоҳи Экситер метавон бо суроғаи почтаи электронии [email protected] ё телефони 01392 722405 дар тамос шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста