Рӯзҳои 5-12 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии ба номи А. Пушкини шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 215-солагии адиби рус А. Пушкин олимпиадаи 13-уми байналхалқӣ аз фанни забон ва адабиёти рус миёни 206 хонанда аз 30 давлати дунё баргузор гардид.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати маоифи ва илми ҷумҳурӣ, дар он аз Тоҷикистон 5 нафар хонанда ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Олимпиада аз шартҳои зерин: кори хаттӣ, нотиқи ҷавон, қироати ифоданок, кишваршиносӣ ва таърихи илму фарҳанги Россия иборат буд.
Натиҷаи олимпиада нишон дод, ки Нодира Раҳимова - хонандаи синфи 11-и мактаби Президентии шаҳри Чкалов ғолиби мутлақи олимпида (соҳиби Гран-прӣ) ва роҳхат барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Федеретсияи Россияро соҳиб гардид.
Мадина Сулаймонова-хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе (ҷойи якум), Мариям Осимӣ–хонандаи синфи 9-и мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе ва Мумтоза Маҳмадова-хонандаи синфи 8-и гимназияи «Кафолат»-и шаҳри Дущанбе, (ҷойи дуюм), Беҳрӯз Сафаров –хонандаи синфи 9-и мактаби рақами 1-и шаҳри Душанбе (ҷойи сеюм)-ро сазовор гардиданд. Дар охир ба онҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Гуфта мешавад, дар соли 2014 хонадагони тоҷик дар олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ аз фанҳои физика, математика, информатика (Қазоқистон), биология (Озобойҷон), лоиҳаҳои табиӣ (ИМА), биолоия ва экология (Гурҷистон), химия (Москва), математика (Булғория), технологияи информатсионӣ (Руминия), фанҳои гуманитирӣ (Туркия), математика (Индонезия) иштирок намуда, дар маҷмӯъ 94 медалро соҳиб гардиданд, ки 17 тилло, 20 нуқра ва 53 биринҷиро дар бар мегирад. Инчунин, соли ҷорӣ дар давлатҳои Голландия, ЮАР, Аргентина, Хитой, Эстония, Африқо, Ҳиндустон ва Қазоқистон олимпиадаҳо баргузор мегардад, ки хонандагони тоҷик ширкат варзида, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста