Дар шабакаи интернет ба унвони раиси КДАМ ҶТ Саймӯмин Ятимов номаи кушоди донишҷӯён ва хатмкардагони макотиби олии кишварҳои хориҷӣ интишор шуд, ки аз тақдири Александр Содиқов изҳори нигаронӣ мекунанд.
Дар зер матни пурраи номаи кушодро манзуратон мегардонем:
«Мо, як гурӯҳ донишҷӯён ва хатмкардагони мактабҳои олии хориҷӣ аз тақдири дӯст ва ҳамсафамон Алескандр Содиқов дар ташвишем, ки санаи 16-уми июни соли 2014 аз ҷониби ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Боиси нигаронии зиёд аст, ки фаъолияти Александр Содиқов, ки ба омӯзиши таҷрибаи мусбати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли низоъҳо нигаронида шудааст, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамчун далели ҷосусӣ ба манфиати кишвари дигар арзёбӣ гардид.
Дар бораи даст надоштани Александр ба кадом як фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ натанҳо фаъолияти кушоди касбии ӯ оид ба инъикоси рӯйдодҳои гуногун дар Тоҷикистон дар интернет, балки корҳои илмӣ ва маърӯзаҳояш низ гувоҳӣ медиҳанд. Гузашта аз ин, бино ба маълумоти профессор Хизершоу аз Донишгоҳи Экситер (Британияи Кабир), бобати баргузории таҳқиқоти аз ҷониби шӯрои олимони донишгоҳ маъқулшуда тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунанда мавҷуданд.
Бо истиқбол аз саъйу талоши ҳукумати Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи кушоду демократӣ мо зикр карданием, ки раванди мазкур ҳамчунин табодули озоди афкор, маълумо т ва донишро ҳам дар назар дорад. Чунин табодул бидуни иштироки намояндагонии доираҳои илмӣ ва маориф, ки шаҳрванди Тоҷикистон Александр Содиқов аз зумраи онҳост, ғайриимкон аст.
Боздошти Александр Содиқов моро маҷбур месозад, ки дар кори илмӣ ва фаъолияти касбиамон худро беҳимоя ва осебпазир эҳсос кунем. Мо мудом кӯшиш мекунем, ки дониш ва қобилиятҳои андӯхтаамонро баҳри рушду шукуфоии кишвар истифода намоем. Шумори ниҳоят зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар маълумот мегиранд, ба Ватан баргашта, дар рушди бахшҳое чун маорифу иқтисод, тандурустӣ ва ғайра саҳми босазо мегузоранд.
Дар робита ба гуфтаҳои боло, мо, донишҷӯён ва хатмкардагони мактабҳои олии хориҷӣ, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дархост мекунем, ки ҷомеаро аз тақдири Александр Содиқов огоҳ сохта, ҷиҳати озодии ӯ тамоми тадбирҳоро биандешанд. Мо ҳамчунин умедворем, ки боздошти ҳамкори мо, ки олим аст, ҳодисаи ягонаи амалҳои шитобкоронаи ниҳодҳои интизомӣ аст.
Ҳамчунин бо ин нома мо ҳамчун намояндагони илму маориф аз раҳбарият кишвар дархост дорем, таҳқиқоте, ки аз ҷониби донишҷӯёни мактабҳои олии хориҷӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, дастгирӣ карда шаванд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста