Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар робита ба боздошти муҳаққиқи илмӣ Александр Содиқов ба гумони ҷосусӣ нигаронӣ изҳор намуд.
«Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба оила ва ҳамкорони Содиқов дар бораи маҳал ва шароити нигаҳдории Содиқов маълумот пешниҳод намояд, - гуфтааст Дэвид Крамер, роҳбари Freedom House. – Содиқов бояд таъҷилан аз рӯи интихоби худ бо дастрасӣ ба адвокат таъмин карда шавад. Феълан боздошти ӯ бештар ба бедаракшавӣ шабоҳат дорад».
Тибқи изҳороти расмии КДАМ Тоҷикистон Содиқов нимаи рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ боздошт шуд, ки он ҷо барои донишгоҳи Экситер таҳқиқоти илмӣ анҷом медод. Дар изҳорот ҳукуматдорон Содиқовро ба ҷосусӣ ба манфиати кишвари хориҷии номбарнашуда айбдор мекунанд.
«Аз замони боздошт то ҳанӯз ӯ танҳо як маротиба соати 9-и шаби 16-уми июн тариқи телефон бо оилааш дар тамос шудааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ гуфта натавонистааст, ки дар куҷо таҳти ҳабс қарор дорад. Сарфи назар аз маълумоти чанде аз ВАО дар бораи нимаи дуюми рӯзи 17-уми июн ба озодӣ рухсатӣ шудани Содиқов, на оилаву на ҳамкоронаш дигар ӯро надидаанд ва маҳалли будубоши ӯ то ҳол маълум нест», - зикр мекунад Freedom House.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста