Дар майдони сохтмони бинои нав дар шаҳри Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок нашудаанд.
Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, кормандони Хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия ва намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Маскав маълумоти ВАО-и Русия дар бораи гӯё ба шахтаи лифт афтидани се шаҳрванди Тоҷикистон ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани яке аз онҳову бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудани ду нафари дигар дар яке аз сохтмонҳои бинои нав дар шаҳри Маскавро санҷиданд.
«Кормандони субҳи имрӯз ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда вазъро омӯхта, муайян карданд, ки маълумоти интишоршуда дар ВАО-и Русия асоси воқеӣ надорад. Дар вохӯрии сардори Хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия Ашраф Гулов бо сардори дасти посбонони ин иншооти сохтмонӣ маълумот дода шуд, ки ҳалокшуда ва ҷабрдидагон ба Тоҷикистон ҳеҷ муносибате надошта, дар сохтмони ин бино асосан шаҳрвандони Русия ва Беларус машғули коранд», - хабар доданд аз сафорат.
Зимнан зикр гардид, ки ҳалокшуда Гушкин Игор Леонидович ва ҷабрдидагон – Борзенко Сергей ва Тарабаших Василий мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста