Беш аз 200 нафар олимони саросари дунё аз тақдири Александр Содиқов, ки санаи 16-уми июн дар Хоруғ боздошт шудаву дар Донишгоҳи Торонто (Канда) таҳсил мекунад, нигаронии шадид изҳор намуданд.
Дар сомона ба дастгирии Содиқов дар ин бора изҳорот интишор шудааст, ки аз ҷониби беш аз 200 нафар олимон аз саросари дунё дастгирӣ ёфтааст.
«Содиқов рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ боздошт шуд. Ӯ дар Тоҷикистон тибқи қарордоди таҳқиқотӣ бо Донишгоҳи Ексетер (Британияи Кабир) бо мақсади мусоидат ба амалисозии лоиҳаи илмӣ қарор дорад. Зимни мусоҳиба бо намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ кормандони мақомоти интизомӣ наздаш омада, ӯро бо худ ба самти номаълум бурдаанд. Александр то ҳанӯз ба робита бо адвокат, ҳамкорон ва оилааш имкон надорад», - гуфта мешавад дар хабар.
Дар идома зикр мегардад, ки Содиқов оиладор ва духтарчаи хурдсол дошта, намояндаи насли нави олимон мебошад, ки корашон ба фаъолияти сифатан нав ва муносибатҳои мусбату пармаҳсули Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ нигаронида шудааст.
«Ҳамчун олимоне, ки ба омӯзиши Осиёи Марказӣ сарукор доранд, мо шадидан аз амнияти Содиқов ва оилааш дар ташвиш буда, аз мақомоти масъул даъват мекунем, ки ҳимояи комили ҳуқуқҳои Содиқов ва оилаи ӯро таъмин кунанд», - баён мегардад дар изҳорот.
Қаблан ҳамсари боздоштшуда Мушарраф Содиқова изҳор намуд, ки аз замони боздошти Александр Содиқов дар шаҳри Хоруғ, ки КДАМ Тоҷикистон ӯро ба ҷосусӣ гумонбар медонад, 72 соат сипарӣ шуд, вале ба оилааш аз куҷо будану дар чӣ ҳол қарор доштани ӯ хабаре нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки Александр Содиқов санаи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Раёсатми КДАМ дар ВМКБ ӯро ба фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ гумонбар медонад.
Аммо профессор Ҷон Хизершоу, роҳбари илмии Александр Содиқов тасдиқ кард, ки бо ӯ аз рӯи лоиҳаи таҳқиқоти академӣ оид ба роҳу воситаҳои ҳалли низоъҳо кор мекунад. «Александр бо донишгоҳи ман (Exeter University) қарордод дорад ва ин исботи он аст, ки ӯ на барои ҳукумати Британия, балки барои донишгоҳ кори илмӣ иҷро мекунад», - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҷон Хизершоу.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста