Дар ҷараёни марафон ба муносибати Рӯзи донорҳои хун, ки аз 26-уми май то 30-юми июн дар вилояти Суғд мегузарад, беш аз 660 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд донорҳои хун шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» муовини директори филилаи муассисаи давлатии ҷумҳуриявии маркази илмии хун дар вилояти Суғд Анзурат Раҷабова хабар дод, хун барои кумак ба бемороне супурда мешавад, ба хунгузаронӣ ниёзманданд. «Ғайр аз ин, чорабинии мазкур барои огаҳии бештари аҳолӣ дар бораи ройгону ихтиёрӣ супурдани хун низ равона шудааст», - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки кормандони маркази илмии мазкур бо автобуси махсуси барои хунсупорӣ муҷаҳҳаз ба назди корхонаву муассисаҳо меоянд, то ки хуни донорӣ қабул намоянд.
Пас аз супурдани хун ба хабарнигори «Азия-Плюс» барои барқарор шудани организм ва таркибҳои хун қаҳва, бутерброд бо ҳасиб ва ҳамчунин 200 миллилитр афшураи оби олу ва бисквит пешниҳод намуданд.
Анзурат Раҷабова ҳамчунин зикр кард, ки ҳамасола барои баргузор намудани ин чорабинӣ аз буҷети вилоят 132 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Ҳамасола санаи 14-уми июн дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун таҷлил мегардад. Бо фармони Вазорати тандурустии кишвар ин сана соли панҷум аст, ки ҷашн гирифта мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста