Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалахои ичтимой, оила ва хифзи саломатй Хайринисо Юсуфй, вакилон ва масъулону намояндагони роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Амонатбонк ва мақомоти дахлдори дигари чумхурй баргузор гардид.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, муҳокимаи парлумониро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки кишвари азизу муқаддаси мо дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои фархундаву тақдирсози миллат – Рӯзи ваҳдати миллӣ, ҳамчунин омодагии яке аз санаҳои барои мардум муҳиму арзишманд, бистумин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Конститутсия бо иродаи мардуми мамлакат сохти давлатдории навини моро дар марҳалаи муосир, ҳамчун давлати иҷтимоӣ муайян намуда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат медиҳад. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2013, №2187 “Оид ба нақшаи доир намудани муҳокимаи парламентии кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014” муҳокимаи парламентиро оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки “Пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъмин гардида, иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Дар Стратегияи миллии рушд таҳкими ҳифзи ичтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ маҷмӯи чорабиниҳое муайян шудаанд, ки барои таъмини кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Татбиқи ин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз қабили бекорӣ, болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ, беқурбшавии даромадҳо ва дигар ҳолатҳои буҳронӣ, ки ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ҳалли худро пайдо намоянд.
Мақсад ва вазифаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ба ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудаанд, ки бояд дар оянда барои шаҳрвандони кишвар зиндагии шоиста ва кӯмакҳои иҷтимоии сифатнокро фароҳам оварад. Бо дарназардошти расидан ба ин ҳадафҳо дар Стратегияи амалиёт барои солҳои 2013-2015 дар навбати аввал масъалаҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятнок ва мубрами рӯз, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа ва кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ муайян шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки таъминоти нафақаи шаҳрвандон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо тағйиру иловаҳо аз 03.07.2012, №853) ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» (бо тағйиру иловаҳо аз 28.12.2012, №909) амалӣ карда мешавад. Қонунҳои мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоӣ кафолат дода, инчунин асосхои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва манбаъҳои маблағгузории онҳоро муайян мекунад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаҳои меҳнатӣ ва нафақаҳои иҷтимоӣ муқаррар карда шуда, нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи сину сол, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон, хизмати дарозмуддат ва нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсоне, ки қобилияти меҳнатӣ надоранд то 1 январи соли 2017 таъмин карда мешаванд, лекин аз 1 январи соли 2013 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” бошад, таъминоти нафақа аз рӯи низоми ягона ба таъминоти нафақаи суғуртавӣ ва таъминоти нафақаи давлатӣ ҷудо шуда, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон, нафақаҳои давлатӣ, иҷтимоӣ ва нафақа барои хизмати шоён дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин ва пардохт карда мешавад. Мувофиқи Низомномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№103 аз 03.03.2007) идоракунии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин таъин ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо аз ҷониби Агентии мазкур амалӣ карда шуда, маблағҳое, ки ба буҷети Агентӣ ворид мегарданд, дар таснифи алоҳидаи буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Тибқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013", Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2013 аз рӯи даромад ба маблағи 1700,2 млн сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 1745,2 млн сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 45,0 млн сомонӣ тасдиқ шуда, маблағгузории касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014", Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз рӯи даромад ба маблағи 2133,37 млн сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2188,37 млн сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 55,0 млн сомонӣ тасдиқ шуда, маблағгузории касри буҷет аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади огаҳии комил дарёфтан оид ба вазъи таъмини нафақа дар маҳалҳо вакилони Парлумони кишвар зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар иртибот бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, мутобиқан ба кумита маълумот манзур намуданд.
Ҳамчунин ду нафар узви кумитаи мо бо ҳамин ҳадаф ба вилоятҳои Суғду Хатлон сафар карданд ва маълумоти саҳеҳу воқеӣ ба даст оварданд. Омӯзиш ва таҳлилу баррасии маълумотҳои фароҳамомада собит мекунанд, ки дар ин масъала воқеан ҳам баъзе нуқсону камбудиҳо мавҷуданд, ки бартарафшавандаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки заминаи асосии воридоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ андози иҷтимоӣ мебошад ва аз иҷроиши нақшаи ҷамъоварӣ, ки ба зиммаи мақомоти андоз вогузор гардидааст, маблағгузории нафақа ва кӯмакпулиҳо вобастагӣ дорад.
Мутаассифона на ҳама вақт иҷроиши нақшаи воридоти андози иҷтимоӣ ба назар мерасад. Соли 2013 аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мақомоти андоз дар 9 шаҳру ноҳияҳо нақшаи воридоти андози иҷтимоиро таъмин накардаанд, ки маблағи умумии вориднагардида ба буҷети Агентӣ 12,1 млн сомониро ташкил менамояд. Маълумоти муфассал оид ба воридоти маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва маблағгузории пардохтҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ҳозирини гиромӣ пешниҳод гардидааст.
Бо мақсади муайян намудани сатҳи дурустии таъиноти нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” интихобан якчанд асноди нафақавӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Аз ҷумла, ба сокини шаҳри Норак Ташрипова Ҳуснигул мувофиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” бинобар вафоти шавҳараш Давлатов Зайниддин, ки аз 252 моҳи собиқаи умумӣ 83 моҳ собиқаи суғуртавӣ дорад, андозаи нафақаи суғуртавиаш барои гум кардани саробон 159,97 сомонӣ муқаррар гардида, бо назардошти 30% коэффитсиенти ноҳиявӣ, 169 сомонӣ нафақаи суғуртавӣ таъин карда шудааст.
Дар мавриди имтиёзи заноне, ки беш аз панҷ фарзанд доранд, мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ба сокини ноҳияи Хуросон Бобокалонова Бибихадича, ки аз 415 моҳи собиқаи умумӣ 182 моҳ собиқаи суғуртавӣ дорад, 293,31 сомонӣ нафақаи суғуртавӣ таъин карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, низоми таъини нафақа дар вилоят дар асоси муқаррароти Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” дуруст ба роҳ монда шуда бошад ҳам, омилҳое дар сатҳи ҷумҳурӣ вуҷуд доранд, ки дар рушду такоммули соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини саривақтии нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ мушкилиҳоро ба миён меоранд.
Инчунин дар ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ беаҳамиятӣ зоҳир мегардад. Азбаски ягона сарчашмаи маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ, ин андози иҷтимоӣ мебошад, аз ҷониби мақомоти андоз на хама вақт андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми нақшабандишуда ҷамоварӣ мегардад, ки оқибат ба норасоии маблағ ва таъхири таъмини пардохтҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Беҳтар мебуд, агар ин намуди пардохт, ки саҳмгузории ҳар як фард барои таъминоти иҷтимоии минбаъдаи худи ӯ буда, хусусияти бозгаштро дорад, на ҳамчун андоз, балки саҳми суғуртаи иҷтимоӣ номгузорӣ гардад.
Бо мақсади ворид намудани технологияи иттилоотии муосир дар ҷараёни пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои ба он баробар ва боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар ин самт Агентӣ то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти нафақаи 251 ҳазору 886 нафар ё 41,2 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро дар 26 шаҳру ноҳияҳои вилоят бо талаботи моҳонаи 68,1 млн. сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст.
Мутаассифона на дар ҳама шаҳру ноҳияҳое, ки ба низоми пардохти нафақа тариқи корти бонкӣ гузаштаанд, шароити зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Барои мисол, дар шаҳри Кӯлоб 4 адад банкомат, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Норак ва ноҳияи Бохтар ҳамагӣ 2 адади банкомат ва дар ноҳияҳои Сарбанд, Хуросон, Данғара Ҷилликӯл ва Ёвон ҳамагӣ як ададӣ банкомат насб карда шудааст, ки дастрасии маблағро тавассути банкоматҳо барои сокинони маҳалҳои дурдасти ин шаҳру ноҳияҳо хеле душвор мегардонад.
Дар мавриди беҳдошти шароити хазматрасонӣ бояд таҷҳизоти муосир ба таври кофӣ аз ҷониби бонки мазкур дар маҳалҳои сераҳолии ноҳияҳо таъмин карда шавад. Дар баробари ин мутобиқи таҷрибаи кишварҳои дар ин самт нисбатан пешрафта, хуб мебуд, агар барои нафақагир имконият дода шавад, то ки барои гирифтани нафақа бонки хизматрасонро худи нафақагир интихоб намояд.
Сипас, аз рӯи масъалаи мазкур директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Сараудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Зарипов суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қадамҳои аввалини Истиқлолияти давлатӣ соҳаи таъмини нафакаи шахрвандони чумхуриро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, ҷиҳати рушду нумӯи он пайваста иқдомоти ҷиддиро амалӣ менамояд.
Ширкаткунандагони ҷаласаи муҳокимаи парлумонӣ аз рӯи масъалаи баррасигардида бо дар назардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияхои парлумониро қабул карданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Хайриннисо Юсуфӣ ҷаласаи муҳокимаи парлумониро ҷамъбаст намуда, ҳамзамон иброз намуд, ки тавре аз мафҳуми суханрониҳо ва мулоҳизоти роҳбарони зерсохторҳои вазорат маълум гардид, вазорати мазкур ва аксари муассисаҳое, ки дар тобеияти он ҳастанд, баҳри рушду нумуи чомеа дар самти масъалаи мазкур корҳои муайянеро сомон бахшидаанд. Мо мутмаин ҳастем, ки нишасти имрӯза ва мулоҳизоти иброзшуда, ҳамчунин тавсияҳои пешниҳодгардида то андозае барои бартарафкардани камбудиҳои соҳаи мазкур ва тақвияти фаъолияти соҳа, махсусан, ҷиҳати таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон мусоидат хоҳанд кард.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста