Муҳлати ҷамъбасти озмуни эҷодии «Эҷодиёти илҳомбахш» ба муносибати 90-умин солгарди мақоми пойтахтро соҳиб шудани шаҳри Душанбе то 1-уми октябр дароз карда шуд. Озмун аз ҷониби мақомоти шаҳрдории Душанбе эълон шуда буд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун чунин тасмим гирифта шудааст. Қаблан эълон шуда буд, ки натиҷаҳои озмун санаи 13-уми июн ҷамъбаст карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки бо мақсади эҷоди асарҳои назмиву насрӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, сенарияи баргузории намоиши театришуда ва фоторепортажҳо, ҳамчунин пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои ҷолиб барои дар сатҳи баланди ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани 90- солагии пойтахт бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев миёни эҷодкорон озмуни «Эҷодиёти илҳомбахш» эълон гардид. Баргузории озмун аз 1-уми апрел то 1-уми июни соли равон миёни журналистон ва адибон пешбинӣ шуда буд. Акнун ҷамъбасти он ба санаи то 1-уми октябр мавқуф гузошта шуд.
Ҳамчунин Убайдуллоев ба муҳосиботи шаҳрдорӣ дастур дода буд, ки аз ҳисоби фонди захиравии раиси Душанбе барои қадрдонии ғолибони озмун 50 ҳазор сомонӣ (беш аз 10 ҳазор доллари ИМА) маблағ ҷудо карда шавад. Ба ҳайати ҳакамони озмун раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, президенти Академияи улуми ҶТ Фарҳод Раҳимов, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбеков шомиланд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста