Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Reporters without borders (RWB) ё худ Хабарнигорони бидуни марз аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард , ки муҳаққиқ Александр Содиқови рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ боздоштшуда ба гумони фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ озод карда шавад.
Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» хотиррасон менамояд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муддати се рӯз дар бораи макони будубоши Содиқов ҳеҷ маълумоте надода, танҳо баъдтар, рӯзи 19-уми июн бобати ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумита дар шаҳри Душанбе гузаронидани ӯ хабар дод.
«Рӯзҳои 18-19-уми июн телевизиони давлатии вилоят наворҳои видеоии бозпурсии хеле зиёд таҳриршудаи Содиқовро намоиш дод, ки дар он таҳти фишор қарор доштани ӯ эҳсос мешавад. Дар навор Содиқов суханони Алим Шерзамоновро овард, ки чунин гуфтааст: «Агар соли 2012 мардуми Бадахшон бештар ба нерӯҳои амният бовар намекард, пас соли 2014 онҳо акнун ба ҳукумат ва Оғо Хон дигар бовар надоранд». Ба назар мерасад, ки навори видеойӣ ва шарҳҳои баҳснок барои бадномкунии яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ Алим Шерзамонов ниграонида шудаанд», - зикр мегардад дар изҳороти созмон.
«Махфӣ будани боздошти Содиқов ва пайдо шудани навори бозпурсии ӯ дар телевизион ҳуқуқи ӯ ба мурофиаи судии боадолатро поймол мекунанд, - гуфтааст Иоганн Бихр, роҳбари шуъба оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ. – Ҳабси ӯ нишони парешонхотирӣ (паранойя)-и ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ба ҷойи масъулиятро ба дӯш гирифтан, ба айбдоркунии хориҷиён барои бетартибиҳо дар Тоҷикистон майл дорад».
Номбурда илова намудааст, ки Содиқов бояд таъҷилан озод ва айбномаҳои бемаънии ба ӯ пешниҳодшуда бояд бекор шаванд. «Замоне фаро расидааст, ки ҳукуматро мебояд ба афзоиши таҳдидҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо маҷбуркунии хомӯш будани интиқодгарони худ хотима бахшад», - иброз доштааст Бихр.
Бино ба маълумоти созмон, Алим Шерзамонов яке аз пешвоёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва хеш (тағо, амак)-и яке аз мардони рӯзи 21-уми май дар Хоруғ аз ҷониби мақомоти пулис кушташуда аст.
«Раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов рӯзи 19-уми июн изҳор намуд, ки ба амнияти Тоҷикистон ҷосусҳои хориҷие таҳдид мекунанд, ки «таҳти пӯшиши созмонҳои ғайриҳукуматӣ фаъолият доранд». Аз 10-уми июн дар Тоҷикистон дастрасӣ ба YouTube ва дигар хизматгузориҳои Google қисман қатъ карда шуданд. Аз рӯи нишондиҳандаи шохис (индекс)-и озодии матбуот, миёни 180 кишвари дунё Тоҷикистон зинаи 115-умро ишғол мекунад», - қайд мешавад дар изҳороти созмон.




Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста