Анонс

- Дар шаҳри Хуҷанд Ҷаласаи роҳбарони хадамоти марзбонии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ идома меёбад;

- Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Серена» (ошёнаи 2-юм) маросими муаррифии Нақшаи чорабиниҳои давлат оид ба беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ дар бахши туризм доир мегардад. Оғоз соати 14-30;

- Дар толори конфронси маркази тиҷорати «Вефа» бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҳимояи ҷабрдидагон аз шиканҷа аксияи навбатии «Нест бод шиканҷа!» баргузор мешавад. Воридшавӣ озодона аст. Оғоз соати 17-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9360 сомонӣ;

1 евро - 6.7414 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.14 1 3 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи байнулмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар.

1945 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ рутбаи ҳарбии Генералиссимуси ИҶШС таъсис дода шуд, ки нахустин ва ягона дорандаи ин рутба И.В. Сталин аст.

1922 – Ифтитоҳи Анҷумани I-уми Шӯрои Помири Шарқӣ.

2004 – Автобуси нахустини мусофиркаш бо 40 мусофир аз Хоруғ ба шаҳри Қошғари Чин раҳсипор шуд.

2009 – Президенти ҶТ ба фаъолияти комбинати ғанисозии маъдани Олтин-Топкан ҳусни оғоз бахшид.

2010 — Дар Ню-Йорк дар синни 85-солагӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.

1927 – Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Владимир Мотил.

1933 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Бахтиёр Аҳмадов.

1942-2010 – Зодрӯзи физик Акрам Ҷӯраев.

1949 – Мавлуди коргардони кино Майрам Юсуфова.

1951 – Зодрӯзи Арбоби шоистаи Тоҷикистон Сайдалӣ Сабзов.

1963 – Мавлуди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Фаррух Рӯзиматов.

1968 – Зодрӯзи доктори улуми дорусозӣ Саломиддин Исуфов.

Вазъи обу ҳ аво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +24+29.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.