Миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи ин санад, ин муассисаи таҳсилоти олӣ ҳар сол 20 бурсия (квота) барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо менамояд. Арзиши таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик 50% кам карда мешавад. 80% устодону профессорҳои филиали Донишгоҳи Лимкоквинг аз Тоҷикистон ва 20% аз Малайзия қабул карда мешавад. Забони таълим англисӣ буда, дар баробари он забону адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик омӯзонда мешавад. Нақшаҳои таълимӣ монанд ба донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ, ки дорои эътибори ҷаҳонӣ мебошанд, таҳия мешаванд. Ба хатмкунандагон дипломи бакалавр, магистр ва докторанти намунаи давлатии Малайзия дода мешавад.
Пас аз курси дуюм донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар Малайзия идома диҳанд, вале бо шарти кафолати бозгашт ба Тоҷикистон. Ба филиали тоҷикистонии донишгоҳ, ҳамчунин қабули донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо дар назар аст.
Ҷониби Малайзия тасмим гирифтааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат филиали Донишгоҳи Лимкоквингро бо шаҳрчаи донишҷӯён ва тамоми инфрасохтори дигараш дар Тоҷикистон бунёд намояд.
Тибқи ин санад ҳамчунин табодули донишҷӯён, бакалавру магистрҳо ва устодону профессорҳо миёни Тоҷикистону Малайзия ва омӯзиши таҷрибаи якдигар ба роҳ монда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста